ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, душанбе, 135-умин рӯзи соли 2023

Май 15, 2023 08:00

15 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳ «Қасри бахт», бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи нави истеҳсолии «Ориё — Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.

***

15 майи соли 2015  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

15 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии оила.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии иқлим.

РӮЙДОДҲО:

15 майи соли 2012 аввалин  маротиба дар Тоҷикистон китоби Қуръон  аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид.

***

15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаи рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

***

15 майи соли 2018  аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

***

15 майи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон ва Италия масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Май 15, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш