ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 май, панҷшанбе, 138-умин рӯзи соли 2023
18 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Ҷопон» Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмии сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави робитаҳо дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва туризм табодули андеша карданд.
***
18 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Ҷопон» Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.
***
18 майи соли 2010 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ баргузор гардид.
***
18 майи соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфтанд.
18 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо.
***
Дар Гаити рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
18 майи соли 2001 дар шаҳри Токио семинар бахшида ба робитаҳои тиҷоратӣ-сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон доир шуд.
***
18 майи соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби ISESCO ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ муаррифӣ гардид.
***
18 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор шуд.
***
18 майи соли 2016 дар доираи сафари кории худ ба Шоҳигарии Таиланд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бангкок дар кори Иҷлосияи 72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1974 Ҳиндустон 6-умин давлате шинохта шуд, ки дорои бомбаи ҳастаӣ мебошад.