ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 май, якшанбе, 148-умин рӯзи соли 2023

Май 28, 2023 08:00

28 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд. Баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

***

28 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.

***

28 майи соли 2022 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар рӯзи таҷлили 28-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ташриф оварданд.

***

28 майи соли 2019  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

***

28 майи соли 2019 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Куруши Кабир» -и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

***

28 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.

***

28 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкек байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду давлат гуфтугӯйи судманд доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа  7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

28 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон — Рӯзи сарҳадчиён.

***

Дар Эфиопия — Рӯзи суқути низоми ҳарбӣ.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ҷумҳурии аввалин.

РӮЙДОДҲО:

28 майи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул кард.

***

28 майи соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда»  тасдиқ гардид.

***

28 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистону Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

28 майи соли 2012 дар Минск ҷаласаи шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид.

***

28 майи соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

***

Соли 1863  дар Бостон аввалин маротиба дар Америка полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.

Май 28, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш