Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи ВАО густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ густариш медиҳанд. Дар Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёддошти тафоҳум, ки ба фароҳам овардани замина барои рушд ва таҳкими ҳамкорӣ байни воситаҳои ахбори оммаи Қазоқистон ва Тоҷикистон нигаронида шудааст, аз ҷониби Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода ва Директори генералии «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» Раушан Кажибаева ба имзо расид.
Бино ба гуфтаи Директори АМИТ «Ховар», наздикшавии ду давлат тавассути муҳтавои иттилоотӣ дар доираи манфиатҳои муштарак ва стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи иқтисодӣ, таҳкими амният ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ рушд менамояд. Барқарор намудани робитаҳо байни воситаҳои ахбори оммаи ду давлат имкон медиҳад, ки таҷрибаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи ВАО, табодул ва омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ аз худ карда шавад.
«Иртибот дар соҳаи ВАО ба таври анъанавӣ вобаста ба хусусияти умумии ҳамкории байни давлатҳо бунёд карда мешавад. Имрӯз муносибатҳо дар соҳаи ВАО бо мундариҷаи гуногун фаро гирифта шудаанд, ки ин барои ҳамкории муваффақ имконоти нав мекушояд», — гуфт Р. Кажибаева.
Директори АМИТ «Ховар» бо кори студияи шабакаҳои телевизионии «Jibek Joly» ва «SilkWay», ки ба меъёрҳои муосири телевизиони ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад, шинос шуд.
«Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ширкати бузурги расонаӣ дар Қазоқистон буда, ба он Телевизиони ҷумҳуриявии «Jibek Joly», Шабакаи байналмилалии телевизионии «SilkWay», Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» ва Маркази филмҳои мустанад шомил мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
ОГОҲӢ. 16-17 январ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд






