Туҳфаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон расонида шуд

Май 6, 2023 11:41

ҲИСОР, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 май бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони баруманди миллат дар роҳи ҳифзи Ватан дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1941-1945) намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода дар ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ ва Ҳисор ба ду нафар иштирокчии ҷанг — Карим Рашид дар деҳаи Суғдиён ва Раҷаб Исмонов дар деҳаи Ҳаёти Нав кумаки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхорӣ зоҳир мегардад.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити зиндагии иштирокчиёни ҷанг шинос гардида, аз мушкилоти рӯзгорашон пурсон шуд ва ба онҳо туҳфаҳои пулии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд.

Дар ин дидорбиниҳо иброз гардид, ки  қадрдонии онҳо гиромидошти корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони ин сарзамин аст, ки дар ёду хотираҳо то ҳол нақш баставу эҳтирому самимияти мардуми мамлакатро нисбат ба онҳо бештар менамояд. Хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва кору пайкори онҳо ҷиҳати тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ барои ҳамешагӣ намунаи мактаби ҷасорату мардонагӣ боқӣ мемонад.

Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар навбати худ ба Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба онҳо ва собиқадорони меҳнат, ятимону бепарасторон бо самимият ва эҳтиром изҳори минатдорӣ намуда, бо шукргузорӣ аз таъмини сулҳу субот ва ободию пешрафти мамлакат дар ҳаққи Сарвари давлат дуои нек карданд.

Дар ин  вохӯриҳо аз ҷониби хонандагони Муассисаи таҳсилоти хусусии “Нури ирфон” барномаи хурди консертӣ пешниҳоди ҷанговарон гардида, наврасон аз сурудҳои машҳуру маъмули даврони ҷанг, амсоли «Катюша» ва ғайра порчаҳо суруданд ва бо қироати шеъру тарона ва қиссаҳои ҷолиб хотири иштирокчиёни ҷангро шод гардониданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 6, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»