35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашн дар Турсунзода роҳҳои байнидеҳавӣ пурра таъмиру навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ибтидои моҳи июн дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз намуданд. Дар дигар деҳот низ ин корҳо идома дошта, тибқи нақша, то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳоти шаҳр пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Дар идомаи ҳамин созандагию бунёдкориҳо, дар Ҷамоати деҳоти «Сешанбе» бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти ҷамоати деҳот, сокинони саховатпеша ва соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ боз ба навсозии 1 км роҳи байни деҳа оғоз карда шуд.
Соли 2023 дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони ватандӯсту соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъат меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад






