Дар Академияи идоракунии давлатӣ нақши Пешвои миллатро дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа беназир арзёбӣ намуданд

Июнь 20, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 июн бо ибтикори бахши кор бо занон ва духтарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» соли 2023 ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи занон ва марҳилаҳои навини Ваҳдати миллӣ» доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки занону духтарони  тоҷик ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки ба давраи шадиди ҷанги шаҳрвандӣ рост меояд, аз худ матонату шуҷоат ва хирадмандиву зиракӣ нишон дода, ҳамеша дар татбиқи сиёсати давлатии пешигирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат пешсаф ба ҳисоб мерафтанд.

Таъкид шуд, ки занону духтарони  ҷумҳурӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолона хизмат менамоянд.

Гуфта шуд, ки танҳо дар сафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 15 нафар занон ҳамчун вакил фаъолият мекунанд, ки ин худ гувоҳ аз мавқеи баланди зан дар ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки тайи 26 соли Ваҳдати миллӣ занону бонувон аз шумори қишри пешсафи аҳолӣ буданд, ки дар таҳким ва ҳифзи арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҳиссагузор гардиданд. Зеро маҳз зан-модар бо дили нозуку хиради азалии хеш дар тамоми давраҳои мавҷудияти башар наҷотбахши инсоният ба шумор мерафт. Дар ин росто роҳбарияти мамлакат низ садоқату муҳаббат ва самимияти занонро ба давлату Ҳукумат эҳсос намуда, ҳамасола ҷиҳати баландтар бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа талош менамоянд.

Дар ҳамоиш баромадкунандагон ҳозиринро ба муҳаббату садоқат ва эҳтиром нисбат ба  арзишҳои Ваҳдату осудагӣ ва Истиқлоли давлатӣ даъват намуда, изҳор доштанд, ки танҳо ҳифзи якпорчагии мамлакат ва дастовардҳои Ваҳдати миллӣ метавонад, мамлакатро ба сӯйи ояндаи босубот раҳнамун созад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар хизмати давлатии Тоҷикистон 25 дарсад занону духтарон  фаъолият намуда, 20 дарсади кадрҳои роҳбарикунандаро маҳз онҳо ташкил менамоянд. Ҳамаи ин дастовардҳо ва мавқеи кунунии   бонувон аз дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.

Дар хотимаи чорабинӣ байни  ҳозирин оид ба масъалаҳои марбут ба мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, муаммоҳои кору фаъолият дар байни занон ва нақшашон  дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҳозирин ба саволҳои худ аз мутахассисону коршиносон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд