Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нақши занонро дар таҳкиму пойдории Ваҳдати миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкиму пойдории Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дигари мамлакат иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ бо қадамҳои устувор ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мениҳад.
Таъкид шуд, ки сокинони мамлакат имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 30 сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият ба пешрафту дастовардҳои беназир соҳиб гаштанд. Аз ҷумла, мақому манзалати занону бонувони тоҷик тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам боло рафт. Махсусан саҳми онҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат торафт афзун ва назаррас мегардад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






