Дар шаҳри Гулистон Академияи футболи «Сомониён» ба фаъолият оғоз намуд

Июнь 20, 2023 17:42

ГУЛИСТОН, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози дастаи  мунтахаби мамлакат ва сарбони ҳозираи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев Академияи футболи «Сомониён» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

«Сомониён» бо чорабинии тантанавии идона дар варзишгоҳи марказии шаҳр ба фаъолият оғоз намуд. Дар кушодашавии он аъзои академия, мураббиён ва  волидайн иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев  изҳор дошт, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди варзиши рақами 1-и ҷаҳон – футбол тадбирҳои муассир андешида шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо ва барномаву ҳадафҳо буд, ки тими мунтахаби мамлакат дар таърих аввалин маротиба ба Чемпионати Осиё, ки соли 2023 дар давлати арабии Қатар баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Дар шаҳри Гулистон ба  рушди ин навъи варзиш таваҷҷуҳи хоса  зоҳир мегардад. Натиҷаи ин таваҷҷуҳ аст, ки дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ҳунарнамоӣ мекунад.

Волидайни таълимгирандагон ва сокинони шаҳр аз кушодашавии Академияи футболи «Сомониён» хушҳол  буда, ба муассисони он изҳори сипос намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Июнь 20, 2023 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад