Дар шаҳри Хоруғ амалиёти «Автобус» оғоз шуд
ХОРУҒ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ амалиёти «Автобус» оғоз гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии он санҷиши ҳолати техникии мошинҳои боркашу мусофирбар ва пешгирии қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои мошингард мебошад. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Ҳамасола аз 15 то 20 июн дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад. Дар ин робита, бо супориши роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони масъули Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати номбурда дар вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамъиятҳои мусофирбар, терминалҳо ва корхонаву муассисаҳои нақлиётӣ баргузор намуданд.
Амалиёти «Автобус» аз терминали шаҳри Хоруғ, ки дар хати сайри Хоруғ-Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул аст, оғоз ёфт. Ба мушоҳида расид, ки кормандони техникию тиббии ин терминал қабл аз сафар ронандагонро мавриди муоинаи тиббӣ қарор медиҳанд ва дар сурати пайдо кардани ягон аломати беморӣ сафарашро ба таъхир мегузоранд.
Санҷиши тиббӣ дар рӯзи амалиёти «Автобус» нишон дод, ки саломатии ҳамаи ронандагон хуб аст ва пас аз муоинаи ҳаматарафа ба онҳо иҷозат дода шуд, ки ба сафар бароянд.
Кормандони масъули Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мақсади баланд бардоштани ҳолати техникӣ ва сари вақт аз санҷиш техникии давлатӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёт, пешгирӣ аз ҳаргуна ҳодисаҳои садамавӣ дар роҳ аз маркази ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт низ дидан намуданд.
Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят зимни баргузории амалиёти «Автобус» дар баробари санҷидани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт ва вазъи саломатии ронандагон, ҳамчунин корҳои фаҳмондадиҳиро низ анҷом доданд.
Ба ронандагону пиёдагардон варақаҳо дар бораи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақсим гардид.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






