Дар шаҳри Тифлис ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷаласаи муштараки Гурӯҳи тиҷоратии минтақавӣ (RTG) ва Кумитаи ҳамкории гумрукӣ (CCC)-и Созмони ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар чорабинии мазкур иштирокдорон масъалаҳо вобаста ба модернизатсияи гумрукӣ, содагардонии савдо, тадбирҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (SPS), рақамикунонии савдо ва дигар ташаббусҳои фарогир дар доираи Барномаи ҳамгирошудаи савдои CAREC барои давраи то соли 2030 (CITA), тасдиқи ҳисоботи бахши тиҷорат дар соли 2023, инчунин Нақшаи амалии стратегии (RSAP) 2023-2025-ро муҳокима намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






