Дар Суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тамоми дастовардҳое, ки то имрӯз давлат ва мардуми тоҷик ба онҳо муяссар гардидаанд, самараи сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Расидан ба чунин рӯзҳои орому осуда натиҷаи азму талошҳои содиқонаи мардуми тоҷик ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат маҳсуб мешавад. Бо овардани ин иқтибос аз суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз дар Суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш оғоз гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Суди шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе, судяҳо кормандони дастгоҳи суд иштирок намуда, дар мавзуи Ваҳдати миллӣ ва хосса хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу суботи имрӯзаи мамлакат маърўза намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии давлату миллат ва арзиши муҳимтарини тамадуни башарӣ ба ҳисоб рафта, он хусусияти таърихи ва миллияшро танҳо дар доираи ташаккулу инкишофи давлати миллӣ пайдо карда, дар заминаи гуногунрангӣ сиёсӣ ва идеалогияи миллӣ устувор гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






