Дар вилояти Суғд зиёда аз 35 навъи зардолу парвариш меёбад

Июнь 24, 2023 14:55

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад. Мавриди ёдоварист, ки 26 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд.

Бояд гуфт, ки дар ин Ид, ки панҷ сол қабл доир гардида буд, аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» 35 навъи зардолу, навъҳои маъмулу серҳосили маҳаллии он, аз ҷумла «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайра ба намоиш гузошта шуда буд.

Таъкид шуд, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна дубора барқарор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилояти Суғд зиёда аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосилаш ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Русия, Қазоқистон, Украина, Беларус, Амрико, Чин, давлатҳои арабии Шарқи наздик ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»