ФУТБОЛ. Дастаи «Душанбе-2» ғолиби Мусобиқаи анъанавии кӯдакона ба хотираи Геннадий Черевченко шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Душанбе-2» оид ба футбол дар Мусобиқаи анъанавии кӯдакона бахшида ба хотираи ҳимоятгари дастони «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко ғолиб омад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқа, ки тӯли ду рӯз дар қароргоҳи дастаи футболи «Истиқлол», воқеъ дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ҳашт даста иштирок намуданд.
Дастаи «Душанбе-2», ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Душанбе-1» бо ҳисоби 1:0 пирӯз омад, ғолиби мусобиқа гардид. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм футболбозони навраси шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:0 дастаи шаҳри Бохтарро мағлуб намуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ собиқадорони футболи тоҷик, меҳмонони фахрӣ, ҳайати мураббиёни дастаи футболи «Истиқлол», бозингарони тими миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа ҳамчунин беҳтарин бозингаронро қадрдонӣ намуд. Абӯбакр Содиров («Душанбе-1») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар насиби Фаромарз Сафаров («Душанбе-2») гардид. Нуриддин Хусравзода (Душанбе-1) беҳтарин нимҳимоятгар эътироф шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтарин насиби Илёс Исомуддинов (Хатлон) гардид. Ҳикматулло Қудратуллозода (Душанбе-2) беҳтарин бозигари мусобиқа эълон шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






