ФУТБОЛ. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 ба шаҳри Чонбури Таиланд сафар намуд
ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Бангкок анҷом дода, ба шаҳри Чонбури рафт, ки онҷо ду бозии аввалро дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба дархости ниҳоии мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 23 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд.
Дар Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) бозӣ менамояд. Дастаи мо ду вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳиро дар Чонбури ва бозии даври охиринро бо тими Австралия дар Бангкок баргузор менамояд.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон чор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Ҷоми Осиё-2023:
Дарвозабонҳо: 1. Абубакр Маҳмудов («Истиқлол»), 16. Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»), 23. Сунатулло Исмоилов («Барқчӣ»).
Ҳимоятгарон: 2. Бахтовар Ғаюров («Барқчӣ»), 4. Диловар Ҷамшедзода («Барқчӣ»), 5. Баракатулло Нигматуллозода («Барқчӣ»), 6. Шеравган Саидов («Барқчӣ»), 12. Шаҳбон Наимов («Барқчӣ»), 15. Амири Фарҳод («Барқчӣ»), 21. Рустам Камолов («Истиқлол»).
Нимҳимоятгарон: 3. Ҳоҷӣ Абдуманон («Эсхата»), 8. Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ»), 9. Билол Бобоев («Барқчӣ»), 10. Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»), 11. Аҳмадҷони Абдусаттори («Барқчӣ»), 14. Меҳрубон Ҳамидов («Барқчӣ»), 17. Шерзод Қаҳҳоров («Барқчӣ»), 20. Юнус Исматуллоев («Барқчӣ»).
Ҳамлагарон: 7. Масрур Ғафуров («Барқчӣ»), 13. Раббонӣ Камолов («Барқчӣ»), 18. Ориёнмеҳри Нуриддин («Барқчӣ»), 19. Муҳаммадҷони Тоҳир («Барқчӣ»), 22. Ҳабибҷон Ҳамитов («Барқчӣ»).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид






