«ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР». Дар Академияи идоракунии давлатӣ барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курси такмили ихтисос оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, масъулони кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» курси такмили ихтисос шуруъ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур.
Мақсад аз баргузории курси мазкур беҳтар намудани сифати хизмати давлатӣ ва тавсеа бахшидани идоракунии давлатӣ ва низоми идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ, ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.
Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Гуфта шуд, ки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани таҷрибаи касбӣ ва ихтисосмандии хизматчиёни давлатӣ ташкил гардида, дар ҷараёни он ба шунавандагон — ходимони давлатӣ ва кормандони мақомоту идораҳо ва вазорату идораҳо доир ба мавзуъҳои муҳимтарини идоракунии давлатӣ дар замони муосир дарс мегӯянд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар хотимаи курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳномаҳо тақдим карда мешавад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд






