Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» идома доранд
ДУШАНБЕ, 15.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки дар ноҳияи Роштқалъа бунёд карда мешавад, шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки кор дар зеристгоҳи 110/35/6 кВ «Себзор» дар охири моҳи майи соли равон пурра анҷом ёфт. Ҳамзамон интиқол ва корҳои насби таҷҳизот низ ба охир расида, мутахассисон дар бинои асосии неругоҳ, дар минтақаи сарбанд, бинои зеристгоҳ ва пули асосӣ кор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир мутахассисон корҳои заминканӣ дар минтақаи сарбанд ва лӯлаи обро анҷом дода, корҳои заминканӣ дар бинои асосии неругоҳ ба анҷом расониданд ва ба рехтани бетон шурӯъ намудаанд.
Ҳамчунин дар охири моҳи апрели соли 2023 корҳои поксозии нишебиҳои қад-қади роҳ аз мавзеи сарбанд то бинои неругоҳ оғоз шуда, то имрӯз аксари корҳо анҷом ёфтаанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон










«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд






