Маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба анҷом расид

Июнь 2, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 марти соли равон давоми моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиа.

Бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулини комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрели соли равон маъракаро 100 фоиз анҷом доданд.

То 31 май вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои маъракаи пешбинигардидаи даъват гузориш доданд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, хеле зиёд аст.

Вале бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар ин самт шаҳрвандоне низ  буданд, ки баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашуданд. Дар айни ҳол рӯйхати онҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон тадбирҳои қонунӣ андешида мешавад. 

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 2, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид