Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аз иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Ҳисор боздид намуд
ДУШАНБЕ,12.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар шаҳри Ҳисор бо рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд, шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Муовини Сарвазири мамлакат дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод бо ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои нави маркази савдо ва хизматрасонӣ шинос гардид. Маркази мазкур аз ошхонаи миллӣ, ҳамом, сартарошхона, дӯкони гӯштфурӯшӣ, толори саққозанӣ, осиёби обӣ иборат буда, бо саҳми соҳибкор Шодӣ Қурбонов бо маблағи беш аз як миллион сомонӣ бунёд ёфта истодааст. Бо истифода додани ин иншоот дар ду ошёнаи бино 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин Матлубахон Сатториён дар деҳаи Ситораи ҷамоати мазкур бо фаъолияти фабрикаи парандапарварӣ, шинос гардиданд. Фабрика дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд ёфта, дар он 25 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолият дар шафати мурғхона сохтмони бинои иловагии мурғхона дар ду ошёна идома дошта, соҳибкор тасмим гирифтааст саршумори парандаро солҳои наздик то ба 70 ҳазор расонад. Айни ҳол дар фабрика 25 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Соҳибкор Диловар Саъдуллоев аз деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҳисоби заминҳои наздиҳавлигиаш дар майдони 0,5 гектар бо усули содда ва обмонии қатрагӣ гармхона бунёд намудааст. Тибқи иттилои соҳибкор, ҳосили бодиринг дар гармхона ҷамъоварӣ гардида, чиниши помидор оғоз шудааст.
Муовини Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо лоиҳаи иншоот ва раванди корҳо дар бинои мактаби нав, ки барои 400 хонанда дар маҳаллаи 8-уми шаҳраки Ҳисор бунёд гардида истодааст, шинос шуд. Маблағгузории мактабро соҳибкор Рустам Саидов бар уҳда дошта, корҳои сохтмон дар иншоот бо маром идома дорад.
Матлубахон Сатториён дар деҳаҳои Даҳбед ва Чаманистони Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода бо рафти корҳои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби №16, ки бо саҳми бародарони соҳибкор Самадовҳо ва дар назди мактаби №82 бо саҳми аҳолӣ бунёд ёфта истодааст, шинос гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Сомон аз Кооперативи тиҷоратии «Баракати Ватан» ташриф оварда, ҳамчунин дар бригадаи Азиз Қаноатов бо рафти парвариши сабзавот ва дигар намуди маҳсулот шинос шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






