Оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа бартараф мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи соҳили дарёи Шохдара, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани манзилҳои сокинони зарардида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
Бояд гуфт, ки дар доираи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мавзеи офати табиӣ сафар намуда, бо зарардидагон аз наздик суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки аз лаҳзаҳои аввали офати табиӣ дар ноҳия вазъият таҳти назорати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолии зери хатар қарордошта, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои зарардида чораҳои таьхирнопазир андешида мешаванд.
Ҳамчунин Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар Роштқалъа бо ҷалби роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бо суръати тез об шудани барф дар Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел ба амал омада, зарари зиёд расонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






