Оид ба амалишавии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, ки аз 22 июни соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Гуфта шуд, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути соҳа аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки танҳо вобаста ба амалишавии бандҳои барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2022 6,2 млн сомонӣ равона шуда, барои соли 2023 6,7 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва ба ҳолати 11 майи соли ҷорӣ 736,9 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст.
Дар муҳокимаи парлумони изҳори нигаронӣ карда шуд, ки мутаассифона амалишавии Барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба суръати умум чандон қаноатбахш нест. Соли 2021 аз 100 муассисаи ба нақшагирифташуда 22 муассиса, дар соли 2022 низ 22 муассиса ва дар панҷмоҳи аввали соли 2023 танҳо дар шаҳри Душанбе 1 адад ва вилояти Суғд (шаҳрҳои Гулистон ва Истиқлол) муассисаи томактабӣ таъсис дода шуд.
Дар давраи амалишавии Барнома аз 68 шаҳру ноҳия дар 28 шаҳру ноҳия муассисаи томактабӣ сохта шудааст.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 707 адад расидааст, ки дар онҳо 102525 кӯдак таълиму тарбия мегиранд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 2111 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 68891 кӯдак фаъолият мекунанд.
Таъкид карда шуд, ки ҳарчанд муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд ҳам, сатҳи тайёрии касбии мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз 636 роҳбарони муассисаҳои томактабӣ 352 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 192 нафар ботаҳсилоти олӣ (ғайрипедагогӣ), 31 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 32 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 29 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии ғайри педагогӣ ба муассисаи таълимии томактабиро роҳбарӣ менамоянд. Инчунин, аз 10186 корманди муассисаҳои томактабӣ (мушовирон, омӯзгорон, мураббиён, ёрдамчиёни муррабиён) 1897 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 1346 нафар ботаҳсилоти олии ғайрипедагогӣ, 771 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 1908 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 1472 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбии ғайрипедагогӣ ва 2792 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.
Сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар минтақаҳои деҳоти ҷумҳурӣ паст аст. Ҷиҳати ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифта нашудаанд, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2015, «Дар бораи фарогирии кӯдакони синни 7-сола ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар моҳи август» Вазорати маориф ва илм Барномаи омода намудани кӯдакони 6-7-соларо ба таҳсил дар синфи 1 бо давраи таълимии якмоҳа таҳия намуд. Дар моҳи августи соли 2018 барои иҷрои талаботи барномаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 219 530 кӯдак ба ин давраҳои таълимӣ фаро гирифташуда, барои таҳсил дар мактаб омода гардидаанд.
Пас аз саволу ҷавоби масъулини соҳа бо вакилони Маҷлиси намояндагон ва музокираҳо қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд






