Роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба тамошои «Зол ва Рудоба» рафтанд
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҳамроҳии Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рафта, намоишномаи «Зол ва Рудоба»-ро тамошо намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, баъд аз анҷоми намоишномаи мазкур ба ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дастагул аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақдим карда шуд.
Ба ҳунармандон барои пешкаши намоишномаи ҷолибу таъсирбахш изҳори сипос карда шуда, иброз гардид, ки давоми чанд соли охир онҳо собит намуда истодаанд, ки бо ҳунари воло рўи саҳна овардани асарҳои таконбахшу андешасоз дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр ва рушди он саҳмаи арзанда мегузоранд.
«Таассуроти ман аз тамошои ин намоишнома хеле хубу хотирмон аст. Ин саҳна маро ба ёди намоишномаи «Эдип» ва нақшофарии ҳунарманди беҳамтои тоҷик Ҳошим Гадо бурд, ки соли 80-уми асри гузашта онро тамошо карда будам. Нуқтаи муҳим аз мушоҳидаи имрӯза пур аз тамошобин будани толор аст, ки ин аз таваҷҷуҳи зиёди мардум ба театр дарак медиҳад. Инсон аз хурдӣ то даврони пирӣ ба гирифтани ғизои маънавӣ ниёз дорад», — гуфт Раиси вилоят.
Мавриди тазаккур аст, ки асари «Зол ва Рудоба» аз рўи достонҳои машҳури «Шоҳнома» ба саҳна гузошта шуда, дар он таззодҳои гуногуну ҳикматҳои пандомези ҳаётӣ, талошу мубборизаҳои қаҳрамонҳои таърихӣ ба хотири ҳифзи ҳуввият ва сарзамини аҷдодӣ, намои ҷасорату таҳматании ва муборизаҳои ҷонфидоёнаи навкарону сарлашкарони давлатҳои бостонӣ дар ҳар давру замон инъикос гардидааст.
Давоми садсолаи охир ҳунармандони театру синамогарони тоҷик аз рӯи даҳҳо достонҳои безаволи «Шоҳнома» филмҳои ҷолибу намоишномаҳои мондагори театриро таҳия ва пешкаши тамошобинон гардонидаанд.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд






