Сабаби сар задани сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар чист? Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 март ва 28 апрели соли равон дар яке аз нуқтаҳои таъминоти сўзишворӣ дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе сўхтор ба амал омад. Ҳодисаҳои сўхтор дар ин нўктаҳо дар чанд соли пеш низ ба мушоҳида мерасиданд, ки боиси маҷрўҳ ва ҳатто ҳалокати одамон гардиданд. Вобаста ба сабабҳои сар задани ҳодисаҳои сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сўзишворӣ ва пешгирӣ аз он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини аввали Сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода суҳбат намуд, ки онро пешниҳоди хонандагони сомона мекунем.
Маҳбуб Маҳмудзода изҳор дошт, ки давоми солҳои 2022 – 2023 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи онҳо, мутаассифона, талафони ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта шудааст. Сабаби сар задани сӯхтор ва таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ иҷро накардани қойидаҳои холӣ кардани гази моеъ аз мошинҳо ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва риоя накардани талаботи бехатарӣ ҳангоми истифодабарии таҷҳизоти газӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки барои ҳифзи бехатарии одамон ва молу амвол дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ду шарти асосӣ ба таври ҳатмӣ бояд иҷро карда шавад:
- Дар фасли тобистон холӣ кардани гази моеъ аз мошинҳое, ки гази моеъ мекашонад ба нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ танҳо аз соати 20:00 дақиқаи шом то соати 6:00 дақиқаи субҳ анҷом дода шавад.
- Ҳангоми холӣ кардани гази моеъ бояд фаъолияти нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ пурра қатъ карда шавад.
Муовини аввали Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ таъкид намуд, ки бояд аз ҷониби кормандони маҷмааҳои таъминоти сӯзишвории автомобилӣ ва пойгоҳҳои таъмини сӯзишвории автомобилӣ, ки аз курсҳои тайёрии махсус гузаштаанд, ҳамеша корҳои тоза кардан ва таъмир намудани таҷҳизоте, ки дар он сӯзишворӣ ва ё буғҳои он гардиш хӯрдааст (зарфҳо, қубурҳои интиқоли гази моеъ) гузаронида шаванд. Агар ин кормандон аз тайёрии махсус нагузашта бошанд, пас тоза кардан ва таъмири таҷҳизот бояд аз тарафи ташкилоти махсус, ки барои гузаронидани корҳои тоза кардан ва таъмири таҷҳизот иҷозатномаи зарурӣ доранд, гузаронида шавад.
«Илова ба ин, дар пултҳои идоракунии низоми пешгирӣ, иҳота ва хомӯш кардани оташ, инчунин бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси сар задани сӯхтор мегарданд, асбоби назоратӣ ва танзимкунанда насб карда шаванд. Ин таҷҳизот меъёрҳоро оид ба фишор, ҳарорат, консентратсия, сатҳи гази моеъи рехташуда ва дигар маълумоти заруриро дар бораи бехатар будан ё набудани таҷҳизоти технологӣ пешниҳод мекунад. Ҳангоми риоя нашудани ақаллан яке аз меъёрҳои дар системаҳои нишондодашуда бояд бонгҳои огоҳкунанда ва садамавӣ фаъол гарданд»,-афзуд ў.
Мавсуф дар ин маврид илова кард, ки таҷҳизоти технологии нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ бояд ҳавоногузар бошанд ва дар вақти рехтани сӯзишворӣ ба онҳо истифодаи таҷҳизот қатъиян манъ мебошад. Ҳангоми ошкор шудани рехтан (чакидан)-и сузишворӣ барои бартараф кардани он тадбирҳои фаврӣ бояд амалӣ карда шаванд. Ҳамчунин гузаронидани амалиётҳои технологӣ ҳангоми корношоямии таҷҳизоти технологии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, худсарона даровардани тағйироти таркибӣ (конструктивӣ) ба таҷҳизоти технологии нуқаҳои фурӯши сузишворӣ манъ карда шудааст, зеро чунин амал эҳтимоли сар задани сўхторро дар маҷмааҳои таъминоти сўзишвории автомобилӣ ва пойгоҳҳои таъмини сўзишвории автомобилӣ зиёд мекунад. Сатҳи пур кардани зарфҳои сўзишворӣ набояд аз 95 фоизи ҳаҷми дохилии геометрии он зиёд бошад.
«Аз ҷониби шахсони мутаассадии чунин пойгоҳҳо шартҳои зерин бояд риоя карда шаванд: пойгоҳҳои сайёри таъмини сўзишвории автомобилӣ дар майдончаҳои махсус ҷойгир карда мешаванд. Ҷойҳои қарордоди онҳо бояд бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ мувофиқа шуда бошад. Пеш аз истифодабарии пойгоҳҳои сайёри таъмини сўзишвориии автомобилӣ дар майдончаҳои махсус ҷудо кардашуда бояд, ки ба воситаи асбобҳои низоми зиддисадамавии муҳофизатӣ ҳавоногузарии таҷҳизоти пойгоҳи сайёр, ҳамчунин коршоям будани воситаҳои алоқа санҷида шавад. Дар пойгоҳҳои сайёри таъмини сўзишвориии автомобилӣ зарур аст, ки василаҳои оташхомушкунӣ ҳамеша дар ҳолати омодагии фаврӣ нигоҳ дошта шаванд, аломатҳои огоҳкунанда ва лавҳаи иттилоотӣ гузошта шаванд»,- хотирнишон кард Маҳбуб Маҳмудзода.
Ба таъкиди ў, ҳангоми сар задани сўхтор дар маҷмааҳои таъминоти сўзишвории автомобилӣ ва пойгоҳои таъмини сўзишвории автомобилӣ, пеш аз ҳама бояд ба воҳидҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар расонида шавад, барои хомўш кардани манбаи оташ аз воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ба таври фаврӣ истифода карда, ҳамзамон барои аз ҳудуди нуқтаи фурўши сўзишворӣ ва атрофи он берун кардани одамон ва воситаҳои нақлиёт чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир ҳангоми сар задани сўхтор на танҳо дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ, балки дар дигар маконҳо низ баъзе шахсон ба ҷойи худ ва дигаронро аз макони сар задани сўхтор дур кардан, баръакс ба макони оташ наздик мешаванд, сурат ва навор мегиранд.
Бо чунин амали нодуруст ва ҳангомаҷӯёна чунин шахсон ҷони худро дар хатар мегузоранд, зиёда аз ин шояд чунин шахсон ба фаъолияти сўхторхомушкунандагон низ халал расонанд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон/манбаъҳои боз








Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!






