Сарчашмаи бунёдкорию созандагӣ ва пешрафту шукуфоӣ аз сулҳу ваҳдат аст

Июнь 26, 2023 14:47

ДУШАНБЕ, 26.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамъомади  тантанавӣ, ки ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази шаҳри Ҳисор доир шуд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлати тоҷикон, таъмину таҳкими соҳибихтиёрии мамлакат ва барқарорсозиву пойдории Ваҳдати миллӣ муҳим  арзёбӣ  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор  иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамъомад тазаккур дода шуд, ки сулҳу ваҳдат волотарин арзиши маънавии умумибашарӣ маънидод гардида, ҷавҳари онро ақлу хиради халқу миллатҳо ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, баракати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ рушди босубот таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи татбиқи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат зина ба зина беҳтар мегардад ва бо саъюу талоши ватандӯстонаи халқамон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо қадамҳои устувор ба пеш меравем.

Сокинони шаҳри Ҳисор чун дигар мардумони ҷумҳурӣ бо шукргузори аз соҳибистиқлолию сулҳу ваҳдат дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳм мегиранд ва барои амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саъю талош менамоянд. Дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва Шарора, деҳоти Ориён, Деҳқонобод, Сомон, Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ Мирзо Ризо, ба номи Мирзо Турсунзода ва Навобод ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, таъмиру тармими роҳҳо ва дигар корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад, ки бозгӯи гуфтаҳост.

Дар фазои тантанавӣ ба як қатор фаъолон Сипосномаи Раиси шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.

   АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 26, 2023 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд