Сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии Корея хостори густариш додани робитаҳои иқтисодӣ бо соҳибкорони вилояти Суғд шуданд

Июнь 27, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии Корея бо соҳибкорони вилояти Суғд робитаҳои иқтисодиро  густариш медиҳанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сармоягузорону тоҷирони Ҷумҳурии Корея, ки бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ба вилоят омаданд, мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат, аз ҷумла кишту парвариши ҷуворимакка ва коркарди онро баррасӣ намуда, хостори густариши робитаҳои иқтисодӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 23-24 июн дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии «Суғд-2023» таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ» баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ меҳмонон аз Русия, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Туркия, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсулоти ватаниро ба маърази тамошо гузоштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 27, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд