ТИРГОН — ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ГАНДУМ. Ин ҷашни бостонӣ ба ба кишоварзӣ пайвастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯза масоили камбуди об дар ҷаҳон яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз аст. Тағйирёбии иқлим низ дар курраи Замин нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст. Хушксолӣ дар бархе аз кишварҳо барои кишоварзон мушкилӣ эҷод намудааст. Эҳёи ҷашни Тиргон, ки ба об иртибот дорад, ниҳоят муҳим аст. Ин ҷашни бостонии мо ҳамчунин ба омодагӣ деҳқонон ба дарави ҳосили гандум рабт дорад. Чунин изҳори андеша намудааст Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон академик Нуралӣ Асозода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори назар намуд:
— Ҳар як ҷашну ойин ва маросим гӯяндаи таърихи ҳамагон ва тамаддуни таърихӣ аст. Дар таърихи бостон аҳамияти баргузории ҷашни Тиргон ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада баробар аст.
Муҳаққиқи тоҷик Зафари Мирзоён дар мақолаи «Тиргон ва биниши тоҷикони бостон» чунин навиштааст: «Ҷашнҳои куҳани мо реша дар замони Пешдодиён дошта, аз боварҳои тоҷикону ориёитаборони бостон — оини Меҳр сарчашма гирифтаанд».
«Ҷашнҳои бостонии мо бештар ба гардиши Офтоб, дар зимн, ба кишоварзӣ пайвастагӣ доштанд ва мардум ҳар фоли неку арҷгузориҳое, ки анҷом медоданд, ба ҷараёни гармибахшии Офтоб, обшор сохтани киштаҳо, бардошти ҳосили фаровон ва монанди он нигаронда шудаанд. Аз ин рӯ, дар ҷашнҳои бостонии мо, пеш аз ҳама, дарозии шабу рӯз, яъне замони таъсиргузории Офтоб ба замин ва киштаҳои мардумонро ба назар мегирифтанд. Дар Наврӯз ва Меҳргон нури Хуршед шабу рӯз баробар, яъне 12 соат рӯз ва 12 соат шаб мебошад. Дар Тиргон ҷумҳуриро баландтарин рӯз (маъмулан рӯзи аввали тирмоҳ(21-уми июн), дарозтарин рӯзи сол дар нимкурраи шимолии Замин) ва кӯтоҳтарин шаб фарогир аст»,-тазаккур додааст коршинос.
Ба гуфтаи пажӯҳишгари тоҷик Зафари Мирзоён, он рӯз шахсе бо садои баланд ба мардум (ҷорчӣ, нодӣ) хабар мерасонд, ки замони дарави гандум фаро расидааст ва ҳама мардумони гандумкошта, дар хирманҷой гирди ҳам оянд.
Як пирамарди огоҳу донову поктинат, ки дар миёни мардум аз обрӯ бархӯрдор аст, маросими дарави гандумро оғоз мекунад. Пеш аз оғози дарав маросими оштӣ додани одамони бо ҳам кудуратдошта доир мешавад. Бо супориши он пирамарди огоҳ кишоварзи барӯманде бо пошидани косаи об, аввалин дастаи гандумро дарав мекунад ва сипас даравгарон (даравгарони кӯҳнишин бо хондани таронаи «Мандоғ»), ба дарав мепардозанд. Яъне Тиргон оғози ҷамъоварии ҳосили гандум аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ, ки моҳи октябри соли 2019 таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» баргузор гардида буд, дар ҳузури донишмандон ва меҳмонони хориҷӣ масъалаи омӯзиши густардаи таърихи пешинаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро дар миён гузоштанд.
Сарвари давлат дар ҳамоиши мазкур дар баробари гиромидошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз ҷашни Тиргон низ ёдовар шуданд. Аз ҷумла таъкид доштанд, ки: «Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд».
Боиси хушнудист, ки ин нахустин сол хоҳад буд, ки дар саросари мамлакати азизамон мардуми Тоҷикистон Тиргонро бо шукӯҳ, бо иҷрои расму оинҳояш баргузор менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад






