«Тоҷикистон дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар устувор аст», — бардошт аз мизи мудаввар
ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар, ки 26 июн мебошад, мизи мудаввар баргузор гардид.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, коршиносон, шарикони рушд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки талошҳои Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муборизаи ҷаҳонӣ бо маводи нашъовар ва кумаку мусоидати созмонҳои умумибашарӣ барои пешгирии ин бемории аср бисёр назаррас мебошанд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар устувор буда, корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, пеш аз ҳама, ба нафъи амният ва солимии ҷомеа равона шудаанд.
Иброз гардид, ки нашъамандӣ душмани ҳаёти солим буда, пешгирӣ намудани ин вабои аср, пеш аз ҳама, ба воситаи боло бурдани маърифати тиббии мардум, ҳамкории судманд бо сохторҳои масъул ва шарикони рушд ба даст меояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






