Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» иштирок менамояд

Июнь 26, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 26.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» 25 июн зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон  Ҷамшед Ҷумахонзода бо муовини Комиссари кулли ин намоишгоҳ хонум Тамозир Муҳаммад ал-Мулло баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд.

Ба мақсади таъмини иштироки бахши хусусӣ, корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва фароҳам сохтани шароиту зарфиятҳои мусоид барои иштироки онҳо ва инчунин муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва танзими чорабиниҳои фарҳангию таблиғотӣ дар ҳошияи ин чорабинии муҳимми байналмилалӣ Қарордоди ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукоти Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Экспо Давҳа 2023» аз 2 октябри соли 2023 то 28 марти соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа баргузор мешавад.

АКС: Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Июнь 26, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд