«ТОҶИКИСТОН ЯГОНА-БАДАХШОН НИГИНИ ОН». Таҳти ин унвон дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят чорабиниҳои гуногун доир карда мешаванд

Июнь 16, 2023 18:12

ДУШАНБЕ, 16.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 23 июни соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чорабиниҳои илмиву маърифатӣ, фарҳангиву зеҳнӣ, тандурустиву варзишӣ ва суҳбату вохўриҳо бо сокинон таҳти унвони «Тоҷикистон ягона-Бадахшон нигини он» доир мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин чорабинӣ, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, субҳи дирӯз, 15 июн «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 40 нафар мутахассисони варзида, табибони дараҷаи олии ҷарроҳии асаб, бемориҳои бачагона ва асабшиносон таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба шаҳри Хоруғ расида, ба фаъолият шуруъ намуд.

«Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронда мешаванд.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки 14 июн дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи чорабинии ҷумҳуриявии «Бадахшон — нигини Тоҷикистон» ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дарсҳои намунавӣ дар мавзуи «Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои химия, биология, математика, физика ва технологияи иттилоотӣ» барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор шуд.

Дар ин дарсҳои намунавӣ ба омӯзгорони фанҳои дақиқ ёрии методӣ расонида шуда, сатҳи касбияти онҳо баланд бардошта мешавад.

13-23 июн дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории «Корвони китоб», 15-23 намоиши филмҳои ҳунарӣ ва мустанади ватанӣ, 17 июн барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъат, ҳунарпешагон ва шоирону адибони шинохта дар ноҳия Дарвоз, чунин консерт дар шаҳри Хоруғ ва дигар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишию тандурустӣ дар назар дошта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2023 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид