ҶУДО. Тоҷикистонро дар Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Қазоқистон 10 варзишгар муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 июни соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Қазоқистон оид ба намуди гӯштини ҷудо баргузор мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 10 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо дар шаҳри Остона бо иштироки беш аз 300 варзишгари 43 давлати ҷаҳон доир карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар байни мардҳо, аз чумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг), Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (дар вазни -66 кг), Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг), Шодмон Ризоев (дар вазни -81 кг), Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -81 кг), Умедҷон Раҷабов (дар вазни -90 кг), Исроил Раҳимов (дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Хотиррасон мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 150 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






