35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Хоруғ навсозии варзишгоҳи марказӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Барномаи «Лоиҳаи устуворгардонии шаҳри Хоруғ» варзишгоҳи марказии шаҳр навсозӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ин иншооти варзишӣ баъди навсозӣ, дар баробари муҳайё сохтани шароит барои бозии футбол, инчунин майдони баскетбол, волейбол, корти теннис ва пайроҳа барои дав низ бо тарҳи муосир омода мегардад.
Барои татбиқи лоиҳаи нави варзишгоҳи марказӣ пудратчиёни лоиҳа вазифадор шудаанд, ки корҳои сохтмониро саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонида, барои иваз намудани курсиҳои варзишгоҳ низ тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки дар доираи навсозии вазишгоҳи марказӣ, ҳамзамон 2,8 км кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ чароғон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси дархости сокинони шаҳри Хоруғ бунёду навсозии иншооти таъиноти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, чороғонкунии кӯчаву пасткӯчаҳо, таъмири роҳҳои пиёдагард дар баъзе маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, корҳои бунёдӣ дар ин самт оғоз гардидаанд.
Ин тадбир аз як ҷониб ба ободонии маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз ҷониби дигар ба таъмини истироҳати бофароғати сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






