35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хоруғ бунёду навсозии иншооти таъйиноти гуногун идома дорад

Июль 3, 2023 15:08

ДУШАНБЕ, 03.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини пурраи сокинони шаҳри Хоруғ бо қувваи барқ ва бо оби тозаи ошомиданӣ тадбирҳои амалӣ  андешида шуда истодаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

1 июли соли равон роҳбарияти шаҳр бо вазъи корҳои ободониву созандагӣ тавассути лоиҳаҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд амалӣ шуда истодаанд, шинос шуд.

Ҳангоми суҳбат бо сохтмончиён роҳбарияти шаҳр изҳор дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои ободонӣ ҳар яки мо бояд дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анҷом додани амалҳои созанда дар ободонии ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Бояд гуфт, ки дар асоси дархости сокинони шаҳри Хоруғ бунёду навсозии иншооти таъиноти гуногун,  аз қабили майдончаҳои варзишӣ, чороғонкунии кӯчаву пасткӯчаҳо, таъмири роҳҳои пиёдагард дар баъзе маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, корҳои бунёдӣ дар ин самт огоз гардидаанд.

Ин тадбир аз як ҷониб ба ободонии маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз ҷониби дигар ба таъмини истироҳати бофароғати сокинону меҳмонони шаҳр  мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июль 3, 2023 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд