Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт дар шаҳри Тошканд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ, ки ба бандарҳои баҳрӣ дастрасӣ надорад, инчунин иштирокчии фаъоли конвенсияҳои байналмилалӣ ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои рушди соҳаи нақлиётро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт, ки 6-7 июли соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид ва ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири нақлиёт дар он иштирок намуд, иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҳамзамон ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Узбекистон, Қирғизистон, Латвия, Дабири кулли ТРАСЕКА*, роҳбарони институтҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин намояндагони тиҷорат дар соҳаи логистика ва нақлиёт иштирок карданд.
Роҳбарияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин баён намуд, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ ва инфрасохторӣ воситаи асосии таъмини рушди иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, имрӯз ба ҳама маълум аст, ки барои ба даст овардани натиҷаи ягонаи иқтисодӣ таъмини фаъолияти самараноки нақлиёт ва рушди киштигардӣ бо истифода аз системаи мултимодалӣ, фаъолсозии бахши логистика ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамаи иштирокчиёни ин соҳа муҳим аст.
Номбурда тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи стратегии табдил додани ҷумҳуриро ба минтақаи қулайи транзитӣ эълон намуда, гузаргоҳҳои афзалиятноки тиҷоратӣ ва транзитиро, ки аз қаламрави мо аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд, муайян сохтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳо оид ба истифодаи самараноки гузаргоҳи мултимодалии «Туркия – Эрон – Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон» бо дастрасӣ ба марзҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин идома доранд.
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳумро имзо карданд, ки татбиқи он барои осон кардани ҳамлу нақли дуҷониба ва бисерҷонибаи байналмилалии автомобилӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин байни Агентии «Туркменавтоулаглари»-и назди Девони вазирони Туркманистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди нақлиёти байналмилалии автомобилӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ба ҷуз ин, Туркия ва Эрон низ барои васеъ кардани истифодаи самараноки ин долони нақлиётӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар доираи конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Логистика ва афзалиятҳои он дар рушди алоқаи нақлиётии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа» лоиҳаи озмоишии Ҳуҷҷати Транзитии Ҷаҳонӣ (GTrD) рӯнамоӣ гардид. Дар маросими ифтитоҳи татбиқи ин лоиҳа роҳбарони TRACECA*, Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил , Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ, инчунин намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии кишварҳои минтақа ва мамолики хориҷӣ иштирок карданд.
_______________________________
*ТРАСЕКА (TRACECA: transport Corridor Europe Caucasus Asia) барномаи ҳамкории байналмилалӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои шарики ташкили долони нақлиётӣ Аврупо –Қафқоз — Осиё.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид






