БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Гулистон корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 июл роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор амалӣ гардида истодааст. Коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад. Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он 10 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Гулистон ҳамчунин бунёди фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парандаи заррин» идома дорад. Он дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар он дар марҳилаи аввал ду иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст. Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор мурғ парвариш мешавад. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд, ки коргоҳи истеҳсоли равған ба истифода диҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад






