Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт иншооти гуногун ба истифода дода шуд
РАШТ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида дар ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимии №49 дар деҳаи Хуфак, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Аскалон, майдончаи замонавии футбол дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр ва маркази савдо дар Ҷамоати шаҳраки Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, мумфаршкунии роҳҳои дохилии деҳаҳои Шул, Чашмаи Қозии ва Шулеи ноҳия оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Иншооти мазкур дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо аҳолию соҳибкорон ва буҷети маҳаллию шарикони сармоягузор бунёд шудааст, ки мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст барои мактаббачагону набудани варзишгоҳои замонавӣ ва роҳҳои вайрона баратараф шуд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 275 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 24 иншоот, аз қабили ҳавзи моҳипарварӣ, марказҳои хизматрасонӣ, хатҳои оби нӯшокӣ дар деҳот, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, фермаи мурғпарварӣ дар деҳаи Бунии Суфиён, биноҳҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти гуногун ба истифода дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






