«БОМИ ҶАҲОН». Дар Хоруғ Фестивали 16 –уми байналмилалӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 24.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 16-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» 22 июл оғоз гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар фестивали мазкур роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва аҳли илм ва фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки фестивали «Боми ҷаҳон» дар муаррифии фарҳанги давлатҳо мусоидат менамояд. Фарҳанг метавонад тамоми мардумони ҷаҳонро бо ҳам муттаҳид намояд.
Ҳамасола дар мавсими тобистон, ки воридшавии сайёҳон ба шаҳри Хоруғ зиёд ба мушоҳида мерасад, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони вилоят имконияти хуб фароҳам меорад.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми чанд рӯз дар шаҳри Хоруғ чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор шуда, маркази маъмурии вилоят мизбони чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ муаррифи фарҳанги бою ғании сокинони Боми ҷаҳон ба ҷаҳонгардон буда, заминаи хубе баҳри нишон додани анъанаҳои миллат маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки фестивали фарҳангӣ бо ворид гардидани ҳунармандони давлатҳои чаҳон ба майдони санъат оғоз ва то шомгоҳон идома ёфт.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






