ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобӣ муайян шуданд

Июль 27, 2023 19:14

ДУШАНБЕ, 27.07.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 муайян шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ байни дастаҳои Камбоҷа – Покистон рақобат хоҳад намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста рақобат мекунад. Дастаҳо аз 16 ноябри соли 2023 то 11 июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.

Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

Қуръакашии даври сеюми Чемпионати ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ тақсим мегарданд. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 мешаванд. Боз ду иштирокчии мустақими дигар аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян мешаванд ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ дастрас хоҳад шуд.

18 даста, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чаҳорумро мегиранд, ба даври сеюм ва ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии даври дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2026:

Гурӯҳи «А»: Қатар, Ҳиндустон, Кувайт, ғолиби ҷуфти Афғонистон – Муғулистон.

Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Сурия, Кореяи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти Мянмар – Макао.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд, ғолиби ҷуфти Сингапур – Гуам.

Гурӯҳи «D»: Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбейи Чин – Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «E»: Эрон, Узбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти Ҳонконг – Бутан.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Ветнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти Индонезия – Бруней.

Гурӯҳи «G»: Арабистони Саудӣ, Урдун, ТОҶИКИСТОН, ғолиби ҷуфти Камбоҷа – Покистон.

Гурӯҳи «H»: АМА, Баҳрайн, ғолиби ҷуфти Яман – Шри-Ланка, ғолиби ҷуфти Непал – Лаос.

Гурӯҳи «I»: Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти Малдив – Бангладеш.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Июль 27, 2023 19:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд