Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти бозори суғуртаи мамлакат натиҷагирӣ гардид

Июль 19, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири манфии якчанд пайомадҳои ногувор, ки боиси коҳиши рушди воқеии иқтисодиёти ҷаҳон ва афзоиши бесобиқаи таваррум дар кишварҳои тараққикарда гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии ин омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои амалӣ андешид, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои бозори суғурта дар ин давра мусбат ҷамъбаст гардиданд. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2023, ки дар Душанбе таҳти раёсати муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа роҳбарони ташкилоти суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии Тоҷикистон ва масъулини воҳидҳои сохтории бонк иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки роҳбарияти мамлакат ба рушди бозори суғурта диққати махсус зоҳир намуда, барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани санаду меъёрҳои ҳуқуқии он пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.

Дар айни замон аз ҷониби ташкилоти молиявии байналмилалӣ барои рушди соҳа татбиқи 3 лоиҳаи кумакҳои техникӣ оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани раванди муосири ҳисоботдиҳӣ ва таҳлили оморӣ, таҳияи Стратегияи рушди миёнамуҳлати соҳаи суғурта, баланд бардоштани иқтидори касбии мақоми назоратӣ ва ташкилоти суғуртавӣ татбиқ шуда истодааст. Барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди бозори суғурта тамоми имконияти мавҷударо истифода намуда, тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок меандешад. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ (хизматрасонии музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Бинобар ин масъалаи ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани амалиёт аз рӯйи маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ бевосита ба зиммаи КВД «Тоҷиксуғурта» вогузор шудааст. Барои таҳкими заминаи қонунӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид, ки таҳлили молиявии ташкилоти суғуртавиро дар алоҳидагӣ аз рӯи Принсипҳои асосии суғурта анҷом диҳад.

Вобаста ба ин бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимоднокии амалиёт шакли нави автоматикунонидаи ҳисоботи молиявӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, лоиҳаи пилотии он барои баррасӣ ва истифода ба ташкилоти суғуртавӣ равон гардид. Дар ин иртибот Бонки миллии Тоҷикистон омода аст ба ҳалли мушкилоти ташкилоти суғуртавии ватанӣ дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намуда, бо амалигардонии мониторинги доимии фаъолияти бозори суғурта ислоҳоти сохторию солимгардонии онро дар шашмоҳаи дуюми соли 2023 давом диҳад.

Дар ҷаласа вазъи бозори суғуртаи мамлакат дар шашмоҳаи якуми соли равон бо рӯнамоӣ тавзеҳ дода шуд. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои низом нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,3 фоиз, сармояи умумӣ 21,4 фоиз, сармояи оинномавӣ 19,3 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 57,9 фоиз, мукофотҳои суғуртавӣ 19,1 фоиз ва пасандозҳо дар ташкилоти қарзии молиявӣ 36,5 фоиз зиёд гардиданд. Дар маҷмуъ, дар шашмоҳаи якуми соли 2023 тибқи маълумот дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,2 фоизро ташкил намуда, нисбат ба Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 0,6 фоиз баробар шуд.

Дар ҷаласа ба роҳбарони якчанд ташкилоти суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилоти суғуртавии ҷумҳурӣ оид ба пешниҳоди саривақтӣ ва босифати ҳисобот, гузаронидани аудити берунӣ, татбиқи таъйиноти Бонки миллии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, амалӣ намудани низоми автоматикунонии фаъолият ва ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда супоришҳо дода шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 19, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1147 то 0.1140сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Деваштич шудгори заминҳо оғоз гардид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 611 гектар замин шудгор карда мешавад
Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баррасӣ карда шуд
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба солимии ҳайвонот конференсияи байналмилалӣ баргузор намуд
Ҳамкорӣ дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ гардид
Дар форуми минтақавӣ дар Боку масъалаҳои маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва сиёсати савдо баррасӣ шуд
Рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон дар Форуми глобалии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ дар Сеул баррасӣ шуд