Дар Чемпионати Тоҷикистон-2023 таътили тобистона фаро расид
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховра»/. Бо анҷоми панҷ бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол таътили тобистона фаро расид, ки як моҳ идома хоҳад ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин муддат бошгоҳҳои Лигаи олӣ метавонанд ба ҳайати худ ислоҳот ворид намоянд.
«Истиқлол»-и Душанбе пешсафи ҷадвали чемпионат аст. Даста дар 13 бозӣ 29 хол ба даст овард. Дар зинаи дуюми ҷадвал «Куктош» ҷойгир аст. «Куктош» дар 14 вохӯрӣ 25 имтиёзро соҳиб гашт. «Равшан»-и Кӯлоб дар мақоми сеюм қарор дорад.
Нимаи дуюми мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон-2023 бо бозиҳои даври понздаҳум- 3 ва 4 август оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






