Дар Душанбе намоиши ҷашнӣ дар мавзӯи «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ ёфт

Июль 13, 2023 09:45

ДУШАНБЕ, 13.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ба ифтихори ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО намоиши ҷашнӣ дар мавзӯи «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз нобиғагони назми классикии тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун офарандаи беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Саҳми ӯ ҳамчун ориф ва адиби тоҷик дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ басо муҳим ва назаррас мебошад. Куллиёти Мавлоно «Маснавии Маънавӣ», «Девони Шамси Табрезӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Маҷолиси Сабъа» ва «Мактубот»-ро дарбар гирифта, ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон санади асле, ки ворид шудани Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, баҳри нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» супорид.

Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ,  аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии Маснавии Маънавӣ, Луби лубоб (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.

Намоиши ҷашнӣ дар Осорхонаи миллӣ» то 01.08.2023 идома меёбад ва хоҳишмандон метавонанд дар ин муддат  ба тамошои намоиши ҷашнӣ биоянд.

АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»

Июль 13, 2023 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад