Дар шаҳри Кӯлоб шумораи корхонаҳои парандапарварӣ зиёд мешавад

Июль 30, 2023 11:47

КӮЛОБ, 30.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ дар корхонаи парандапарварии ҶДММ «Исмоилиёни Бурҳон» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи нақша дар ин корхона  танҳо   мурғи гӯштӣ парвариш  мешавад.

Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод.

Тавре таъкид мешавад,  баъди ба истифода додани корхона дар марҳилаи аввал имкони парвариши аз 60 то 80 ҳазор сар мурғ мавҷуд аст. Дар айни замон дар биноҳои асосӣ таъмир пурра ба анҷом расида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва насб гардидаанд. Ҳамзамон корҳои тармим, сарсабз намудани атроф ва мумфарш гардонидани ҳавлии корхона идома доранд.

Бояд таъкид намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Саман» фаъолият дорад, ки дар он дар як шабонарӯз бештар аз 30 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Дар айни замон барои афзоиш додани саршумори мурғҳои тухмӣ чӯҷаҳои махсус парвариш ёфта истодаанд. Роҳбарони корхона ният доранд, ки истеҳсоли тухмро дар як шабонарӯз то ба 50 ҳазор дона расонанд.

Корхонаи мазкур пурра ба шароити имрӯза мутобиқ буда, таҷҳизот ба таври автоматӣ фаъолият менамоянд. Дар корхона 23 нафар фаъолият намуда, маоши миёнаи кормандон 1500 сомониро ташкил медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

 

Июль 30, 2023 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон