ФУТБОЛ. 24 август рақибони «Истиқлол» дар мавсими 2023/24-и Лигаи чемпионҳои Осиё маълум мешавад
ДУШАНБЕ, 06.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳайати сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 оид ба футбол дар минтақаҳои Ғарбу Шарқро эълон намуд. 24 август дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи бузургтарини бошгоҳҳои Осиё баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ гурӯҳ иборат аз чаҳор дастаӣ ташкил мешавад. Марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё аз шаш давр иборат буда, 18 сентябр оғоз шуда, 13 декабр ба анҷом мерасад. Ҳама дастаҳо дар майдони худ ва дар меҳмонӣ рақобат хоҳанд намуд.
Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз қуръакашии мавсими нави Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё дар қатори бошгоҳҳои «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон) ва чемпиони Ироқ, ки баъдтар муайян мегардад, шомили сабади сеюм гардид. Ин маънои онро дорад, ки чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо ин бошгоҳҳо бозӣ намекунад.
Бояд гуфт, ки тибқи низомномаи мусобиқот аз рӯи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар минтақа, инчунин се даста, ки дар чаҳоргонаи худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро ишғол мекунад, ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Сабадҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24:
Минтақаи Ғарб:
Сабади 1: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Персеполис» (Эрон), «Ал-Садд» (Қатар), «Пахтакор» (Ӯзбекистон), «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ).
Сабади 2: «Сипоҳон» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файҳа» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон).
Сабади 3: «Ал-Файсалӣ (Урдун), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), қаҳрамони Ироқ, «Аҳал» (Туркманистон), «Мумбай Сити» (Ҳиндустон).
Сабади 4: «Ал-Айн» (АМА), ғолиби ҷуфти «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳли» (АМА)/«Ал-Ваҳдат» (Урдун), ғолиби ҷуфти «Трактор» (Эрон) – «Шарҷа» (АМА)/«Башундара Кингс» (Бангладеш), ғолиби ҷуфти «Ал-Арабӣ» (Қатар) – АГМК (Узбекистон)/«Ал-Сиб» (Уммон), ғолиби ҷуфти «Ал-Вақра» (Қатар) – «Навбаҳор» (Узбекистон).
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






