«ИННОПРОМ-2023». Дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

Июль 12, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 12.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар ҳошияи Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия идома дорад, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳамоиш бахшида ба ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд. Дар ин Намоишгоҳ гӯшаи саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ба намоиш гузошта шудааст. Иштирокдорони ин чорабинӣ дар гўшаи Тоҷикистон метавонанд бо имконияти саноатии ҷумҳурӣ шинос шаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави мамлакат хабар медиҳад.

Созмондиҳандагони ҳамоиш нақши афзояндаи созмонро дар таъмини ҳамкории кишварҳои узв, дар бахшҳои муҳими иқтисодӣ, бахусус дар соҳаи саноат бинобар иқтидори бузурги кишварҳо таъкид намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳиммияти фароҳам овардани дастрасии баробар ба технологияҳои нав ва таҳияи меъёрҳои ягона барои таъмини рушди устувори технологӣ дар минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай ҷалб намуданд.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 10 июл дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023» идома дошта, дар он намояндагони беш аз 700 ширкат аз тамоми ҷаҳон аз кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок доранд.

Гуфта шуд, ки намоишгоҳ яке аз муваффақтарин ва мусоидаткунанда ба рушди саноати кишварҳои иштироккунандаи чорабинӣ мебошад.

Аз 10 то 13 июл ташрифи беш аз 40 000 нафар ба намоишгоҳ пешбинӣ шуда, дар он вохӯриҳои коршиносон дар мавзӯъҳои «Истеҳсоли устувор-стратегияи барқарорсозӣ», «Раванди рушди саноат дар давлатҳои минтақа», «Барқарори рушди бахшҳои саноатӣ», «Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ», «Мутахассисон ва истеҳсоли меҳнатӣ», «Интегратсияи ташкилотҳои саноатӣ» ва ғайра баргузор карда мешаванд.

Ҳамчунин ҷиҳати таҳқиқи самтҳои ҳамкорӣ, густариши равобити тиҷоратӣ ва муаррифии имконоти мавҷуда дар ҳошияи намоишгоҳ раҳбарону масъулини ширкатҳои ватанӣ бо шарикони тиҷоратӣ мулоқотҳои дуҷониба доир мекунанд.

Ҳамзамон дар намоишгоҳ дар майдони умумии 5 гектар зиёда аз 600 ширкати саноатии давлатҳои иштирокчӣ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Июль 12, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд