КӮДАКИ БОЛАЁҚАТ БА ОМӮЗГОРИ БОЛАЁҚАТ НИЁЗ ДОРАД! Роҳбарони муассисаҳои шаҳри Душанбе малакаи кории худро баланд мебардоранд
ДУШАНБЕ, 20.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи даври «Менеҷменти роҳбарӣ», ки тибқи нақшаи тақвимии даврҳои такмили ихтисос ва машваратҳои махсуси филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, вобаста ба мавзуи лаёқатмандии хонадагон машғулияти таълимӣ баргузор гардид.
Машғулияти мазкур бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.
Дар машғулият роҳбари Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба иштирокчиён роҳу усулҳои муосири дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқатро тавзеҳ дода, ғолибияти хонандагон дар озмунҳои сатҳи шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, инчунин дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи аввал касб карданро ҳамчун натиҷаи татбиқи методологияи мукаммали кор бо хонандагони болаёқат шарҳ дод.
Дар интиҳои машғулият иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъала, аз ҷумла нуктаҳои ташхиси лаёқатмандӣ ва самтҳои он ва тартиб додани барномаҳои инфиродӣ барои самт ва сатҳҳои гуногуни лаёқатҳо саволҳои худро манзур намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид






