«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Таҳти чунин унвон моҳи октябр дар Тоҷикистон намоиши байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 октябри соли равон дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус 26 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли равон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро ба нақша гирифтааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки моҳи сентябр нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар назар буда, ба ин муносибат дар Кохи Борбад барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мегардад.
Инчунин моҳи октябр Фестивали байналмилалии «Чодари хаёл»-и театрҳои лӯхтак ва ҳамзамон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон қарор аст моҳи ноябр ҷониби Тоҷикистон дар намоиши китобе, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба нақша гирифта шудааст, иштирок намояд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд






