Масъулини вилояти Суғд вазифадор гардиданд, ки кишти такрориро ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ 3-4 ҳосил ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 11.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарону мутахассисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ба таври ҳатмӣ кишти такрориро ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ 3-4 ҳосил гиранд. Дар ин хусус зимни баргузории машварати корӣ, ки 8 июл таҳти раёсати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ таъкид намуданд, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе давлатҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он — хушксолӣ ва камобии пайдарҳам зиндагии мардуми сайёраро, махсусан, дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкилтар гардонида истодааст.
Таъкид шуд, ки имрӯзҳо мавсими ҷамъоварии ҳосил идома дорад, аз ин рӯ кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки барои беталаф ҷамъ овардани ҳосил ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ барои мавсими зимистон диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар машварати кории пешинаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 31 марти соли равон иброз гарида буд, ки бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ, норасоии об ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ то ҳанӯз дар вилояти Суғд 2100 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.
Президенти мамлакат супориш доданд, ки ин мушкилӣ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.
Ҳамчунин вобаста ба аҳамияти гармхонаҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастур дода шуд, ки бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо тарзу усул ва истифодаи технологияҳои пешқадам идома дода шавад.
Дар машварат оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
АКС аз бойгонӣ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






