НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ. Дастранҷи деҳқонони шаҳри Бӯстон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 31.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Намоиш-фурӯши маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳри Бӯстон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» доир шуд, ки дар он маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва кишоварзӣ пешниҳоди сокинони пойтахт гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Роҳбарияти шаҳри Бӯстон зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ соҳибкорону тоҷиронро даъват намуданд, ки маводи озуқавориро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонанд.
Дар намоиш-фурӯш ба сокинони шаҳри Душанбе маҳсулот бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешкаш шуданд.
Мардум аз ин фаровонии ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ изҳори хушнудӣ ва ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.
Бояд гуфт, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳритус, Конибодом, Қубодиён, Турсунзода, Ҷайҳун, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳринав, Панҷ, Ашт, Нуробод, Кӯшониён, Мастчоҳ, Файзобод, Восеъ ва ғайра намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғҳои пойтахти мамлакат баргузор намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
























Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






