НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маротибаи аввал табодули донишҷӯёнро дар самти кишоварзӣ ба роҳ монд

Июль 28, 2023 12:15

ДУШАНБЕ, 28.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нахустин маротиба  дар самти кишоварзӣ табодули донишҷӯёнро ба роҳ монд ва 5 нафар  донишҷӯ барои таҳсил ба Федератсияи Русия фиристода шуданд. Дар ин хусус имрӯз ректори донишгоҳи номбурда Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, «дар асоси созишномаи қабулгардида байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск донишҷӯёни мо ду сол дар давлатамон ва 2 сол дар донишгоҳи Иркутск ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Донишҷӯён соли оянда Донишгоҳро хатм намуда, ҳам дипломи Тоҷикистон ва ҳам Русияро мегиранд»,-изҳор дошт ӯ.

Ба иттилои ректори донишгоҳ, ҳамчунин 12 нафар донишҷӯёни тоҷик дар соли дуюми зинаи магистратураи Академияи давлатии аграрии Кубан таҳсил намуда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ дар айни замон бо 112 донишгоҳу донишкадаи 14 давлати дунё ва 26 барномаи ташкилоти хориҷӣ дар самти таълим, илм, такмили касб ва коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва дигар самҳои таҳсилӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Таъкид гардид, ки донишгоҳ ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони буҷавӣ бо идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон ҳамасола бо ташаббуси Вазорати кишоварзии мамлакат дар пойгоҳи донишгоҳ ярмарка-тақсимоти хатмкунандагон баргузор мешавад, ки ба ин восита донишҷӯён соҳиби ҷой кор мегарданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 28, 2023 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид