ОФАРИН! Илдар Аҳмадиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук дар Қазоқистон сазовори медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Илдар Аҳмадиев дар 32-юмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Гусман Косанов, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд. Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 варзишгар аз 12 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Тайланд, Гурҷистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.39 метр ҷои якумро сазовор гардид.
Ғолибони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Фонди умумии ҷоизаҳо 25000 доллари ИМА-ро ташкил медод.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа ду нафар дастпарварони муассисаи номбаршуда Илдар Аҳмадиев ва Фавориз Музрапов таҳти роҳбарии мураббӣ Ғайрат Нигматов сафарбар карда шуданд. Ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё, ки дар Тайланд доир мегардад, аз 3 то 11 июл дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои дастаҷаъмӣ барои ду варзишгари тоҷик ташкил карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






