Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд

Июль 5, 2023 07:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ» оғоз бахшиданд.

Маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ баргузор шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш намуда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

Корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шудааст.

Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» 1200 гектарро ташкил медиҳад.

Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон — «Кумарғи боло» ва «Дуобаи Шарқӣ» амалӣ карда мешавад.

Кони «Кумарғи боло» қариб 4 ҳазор метр ва «Дуобаи Шарқӣ» дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.

Барои истихроҷ ва коркарди маъдан раванди мукаммали гидрометаллургӣ ҷорӣ буда, технологияи муосири рехтагарии автоматикӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи аврупо мебошад, васлу насб карда шудааст. Раванди истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхона бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила — истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ анҷом дода мешавад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони «Кумарғи Боло» рӯизаминӣ ва дар «Дуобаи Шарқӣ» зеризаминӣ мебошад. Дар кони «Дуобаи Шарқӣ», ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.

Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.

Мавзеи «Дуобаи Шарқӣ дорои манзара, гулу гиёҳҳои шифобахш ва канданиҳои фоиданоки зиёд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок ва риояи талаботи истихроҷ ва коркарди маъданро талаб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати пурра риоя нагардидани талабот расидан ба ҳадафҳои дарпешгузошта душвор мегардад.

Барои беҳдошти вазъи экологӣ дар мавзеъ иншооти ҳифзи муҳити зист бунёд карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми кор, ҷараёни истихроҷ ва коркарди маъдан дар корхонаи маъдантозакунии ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки бунёди чунин корхонаи азими истеҳсолӣ дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор мебошад.

Ифтитоҳи Корхонаи маъдантозакунии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар ноҳияи Айнӣ 05.07.2023

Июль 5, 2023 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд